
Вазифаи асосии МБФД “МММТ радиология” – и Вазорати Тандурустии Россия иҷрои вазифаи давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони Федератсияи Россия дар табобати бемориҳои онкологӣ мебошад:
Дар МБФД “МММТ радиология” – и Вазорати Тандурустии Россия ва филиалҳои он
- ИТИОМ ба номи П.А. Гертсен филиали “ММТТ радиологияи” – и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия,
- МТИР ба номи А.Ф. Сиба филиали “ММТТ радиологияи” – и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия,
- ИИТ-и урология ва радиологияи интервенсионии ба номи Н. А. Лопаткин филиали “ММТТ радиологияи” – и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия 520 табиби баландихтисос – доктор ва номзади илмҳои тиббӣ, 1250 табиби ординаторҳои категорияи олӣ ва якум кор мекунанд. Ҳамаи онҳо, инчунин муҳаққиқон, ҳамшираҳои шафқат, санитарҳо ва бисер кормандони дигар ба даҳҳо ҳазор беморон хидмат мерасонанд.
Ҳар сол дар МБФД “МММТ радиология” – и Вазорати Тандурустии Россия беш аз ҳашт ҳазор бемор бо кафолатҳои давлатӣ ёрии тиббии баландтехнологӣ мегиранд. Беш аз 14 ҳазор бемор ҷарроҳӣ карда мешаванд, 12 ҳазор нафар курсҳои химиотерапияро мегузаронанд.